Таърихи ТВ Бадахшон

Дар ин ҷо метавон таърихи пурраи таъсис ва рушди ТВ Бадахшонро тасвир кард.

ТАЪРИХИ ТЕЛЕВИЗИОНИ БАДАХШОН

Соли 2025 ба таъсисиёбии Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 35 сол пур мешавад. Моҳи июли соли 1990 сокинони маркази вилоят - шаҳри Хоруғ нахустнамоиши телевизиони маҳаллиро тамошо карданд. Дар 33 соли замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳаи корҳои зиёде анҷом дода شدند.

Хурсандиовар аст, ки аз соли 2019 барномаҳои телевизони “Бадахшон” тариқи моҳвора пахш мегарданд ва сокинони беш аз 50 давлати дунё онҳоро тамошо мекунанд. Ин кор бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилоят моҳи августи соли 2018 ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ гардид. То ин вақт бошад, фақат сокинони шаҳри Хоруғ ба тамошои онҳо дастрасӣ доштанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар таъминоти идораи телевизион ва радиои вилоят бо техникаю таҷҳизот хеле беҳтар гаштааст. Айни ҳол студияи телевизион дорои 5 камераи дорои дақиқияташ баланд, 5 танзимгоҳи банду басти барномаҳо мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани сифат ва мазмуну мундариҷаи барномаҳо дар давоми ин муддат мизҳои танзими барномаҳо ва дурбинҳои тасвирбардорӣ харидорӣ гардида, мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Ҳамчунин аз ҳисоби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон серверҳо ва пултҳои идоракунӣ барои Дастгоҳи марказии пахши барномаҳои телевизион дастрас ва насбу васл карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати кишвар моҳи январ 29.01.2025 таҷҳизоти муосири пахши рақамӣ дастраси телевизиони “Бадахшон” гардида, намоиши барномаҳо бо низоми дақиқияташ баланди HD таъмин карда шуд, ки дастоварди бузурги таърихӣ дониста мешавад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолият дар соҳаи телевизион ва радиои вилоят пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста баззами моддиву техникии Идора ба кули беҳтар гардид. Бо дастгириҳои рузафзуни Ҳукумати кишвар дар доираи гузариш ба низоми дақиқияташ баланди HD иловатан ба Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4КА ва таҷҳизоти муосири банду баст ва равшанидиҳанда дастрас карда шуд.

Телевизиони «Бадахшон» дар таҳия ва пахши барномаҳои гуногунжанр, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ минбаъд роҳу воситаҳои навро истифода шуда, дар тарғиби сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар аз имкониятҳои нав мақсаднок истифода мешавад.

Ба саҳифаи асосӣ